YouVersion Logo
Search Icon

Инҷили Юҳанно 5

5
БОБИ ПАНҶУМ
Шифо додан дар рӯзи шанбе назди ҳавзи Байт‐Ҳасдо.
1Пас аз он яҳудиёнро иде буд, ва Исо ба Ерусалим омад.
2Дар Ерусалим дар назди дарвозаи Меш ҳавзе ҳаст, ки ба ибронӣ Байт‐Ҳасдо мегӯянд, ва он панҷ равоқ дорад:
3Дар он ҷо шумораи зиёди беморон, кӯрон, лангон ва шалон хобида, мунтазири ҳаракати об буданд;
4Зеро фариштаи Худо вақт‐вақт ба ҳавз фуромада, обро ҳаракат медод, ва ҳар кӣ дар аснои ҳаракати об аввал ба ҳавз дарояд, аз ҳар касалие ки дошт, шифо меёфт.
5Ва касе дар он ҷо буд, ки сию ҳашт сол боз гирифтори беморӣ буд.
6Чун Исо вайро хобида дид ва донист, ки муддати дарозе бемор аст, ба вай гуфт: «Оё мехоҳӣ шифо ёбӣ?»
7Бемор ҷавоб дод: «Эй оғо! Касе надорам, ки чун об ба ҳаракат ояд, маро дар ҳавз андозад; пеш аз он ки ман оям, дигаре худро дар ҳавз меандозад».
8Исо ба вай гуфт: «Бархез, бистаратро бардор ва бирав».
9Ҳамон дам бемор шифо ёфт ва бистарашро бардошта, ба роҳ даромад. Он рӯз рӯзи шанбе буд.
10Яҳудиён ба касе ки шифо ёфта буд, гуфтанд: «Имрӯз шанбе аст, ва ҷоиз нест, ки бистари худро бардорӣ».
11Вай дар ҷавоби онҳо гуфт: «Он Кас, ки маро шифо дод, ба ман гуфт: „Бистаратро бардор ва бирав“».
12Аз вай пурсиданд: «Кист Он Кас, ки ба ту гуфт: „Бистаратро бардор ва бирав“?»
13Лекин он ки шифо ёфта буд, намедонист, ки Ӯ кист; зеро ки дар он ҷо издиҳоми калоне буд, ва Исо нопадид шуда рафт.
14Пас аз он Исо вайро дар маъбад ёфта, гуфт: «Инак, шифо ёфтаӣ; дигар гуноҳе накун, то ки ба вазъияти бадтаре дучор нашавӣ».
15Он мард рафта, ба яҳудиён гуфт, ки шифодиҳандаи ман Исо мебошад.
16Аз ин сабаб яҳудиён Исоро таъқиб мекарданд ва Ӯро мехостанд ба қатл расонанд, зеро ки ин корро дар рӯзи шанбе карда буд.
Исо аъмоли Худро ҳимоят мекунад ва аз ҷониби Падар фиристода шуданашро далел меоварад.
17Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Падари Ман то кунун кор мекунад, ва Ман низ кор мекунам».
18Аз ин сабаб бештар қасд карданд, ки Ӯро ба қатл расонанд, зеро ки на танҳо шанберо риоят намекард, балки Худоро низ Падари Худ гуфта, Худро бо Худо баробар медонист.
19Исо дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: Писар наметавонад аз Худ чизе ба амал оварад, магар он чи бубинад, ки Падар ба амал меоварад: зеро ки он чи Ӯ мекунад, Писар низ мекунад.
20Зеро ки Падар Писарро дӯст медорад ва ҳар он чи Худаш мекунад, ба Писар нишон медиҳад; ва корҳои бузургтар аз ин ҳам ба Ӯ нишон хоҳад дод, то ки шумо тааҷҷуб намоед.
21Зеро, ҳамчунон ки Падар мурдагонро эҳьё мекунад ва зинда мегардонад, Писар низ ончунон ҳар киро, ки хоҳад, зинда мегардонад.
22Зеро ки Падар бар ҳеҷ кас доварӣ намекунад, балки тамоми довариро ба Писар супурдааст,
23То ки ҳама Писарро эҳтиром кунанд, ончунон ки Падарро эҳтиром мекунанд. Касе ки Писарро эҳтиром накунад, Падарро, ки Фиристандаи Ӯст, эҳтиром накардааст.
24Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ каломи Маро бишнавад ва ба Фиристандаи Ман имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ дорад ва ба доварӣ намеояд, балки аз марг ба ҳаёт гузаштааст.
25Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: соате мерасад, ва аллакай расидааст, ки мурдагон овози Писари Худоро мешунаванд, ва ҳар кӣ бишнавад, зинда гардад.
26Зеро, ҳамчунон ки Падар дар Худ ҳаёт дорад, ба Писар низ ончунон ато кардааст, ки дар Худ ҳаёт дошта бошад;
27Ва ба Ӯ қудрат бахшидааст, ки доварӣ кунад, зеро ки Ӯ Писари Одам аст.
Қиёмати ҳаёт ва қиёмати доварӣ.
28Ва аз ин тааҷҷуб накунед: зеро соате мерасад, ки ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози Ӯро хоҳанд шунид,
29Ва берун хоҳанд омад — некӯкорон барои қиёмати ҳаёт ва бадкорон барои қиёмати доварӣ.
30Ман аз Худ чизе ба амал оварда наметавонам. Ончунон ки мешунавам, доварӣ мекунам, ва доварии Ман одил аст, зеро ки толиби иродаи Худ не, балки иродаи Падаре ҳастам, ки Маро фиристодааст.
Шоҳиди Исо дар бораи фиристода шудани Ӯ аз ҷониби Падар.
31Агар Ман бар Худ шаҳодат диҳам, шаҳодати Ман рост нест:
32Дигаре ҳаст, ки бар Ман шаҳодат медиҳад, ва Ман медонам, ки шаҳодате ки вай бар Ман медиҳад, рост аст;
33Шумо назди Яҳьё фиристодед; вай ба ростӣ шаҳодат дод.
34Аммо Ман шаҳодати одамро қабул намекунам, вале ин суханонро мегӯям, то ки шумо наҷот ёбед.
35Вай чароғе буд, ки месӯхт ва медурахшид; ва шумо хостед, ки соате ба нури вай шодӣ кунед.
36Лекин Ман шаҳодате дорам, ки аз шаҳодати Яҳьё бузургтар аст: зеро корҳое ки Падар ба Ман ато кардааст, то анҷом диҳам, яъне ин корҳое ки Ман мекунам, бар Ман шаҳодат медиҳанд, ки Падар Маро фиристодааст.
37Ва Худи Падар, ки Маро фиристод, бар Ман шаҳодат додааст, ва шумо ҳаргиз на овози Ӯро шунидаед ва на сурати Ӯро дидаед,
38Ва каломи Ӯ дар дилҳои шумо ҷой надорад, чунки шумо ба Он Касе ки Ӯ фиристодааст, имон намеоваред.
39Шумо Навиштаҳоро тадқиқ мекунед, зеро гумон доред, ки ба воситаи онҳо ҳаёти ҷовидонӣ пайдо мекунед, вале онҳо бар Ман шаҳодат медиҳанд.
40Ва шумо намехоҳед назди Ман биёед, то ки ҳаёт ёбед.
41Ҷалолро аз мардум қабул намекунам.
42Лекин шуморо мешиносам: дар дили худ муҳаббати Худоро надоред.
43Ман ба исми Падари Худ омадаам, ва Маро қабул намекунед, ва агар дигаре ба исми худаш биёяд, вайро қабул хоҳед кард.
44Шумо чӣ тавр метавонед имон оваред, дар сурате ки ҷалол аз якдигар металабед, лекин ҷалолеро, ки аз Худои ягона аст, толиб нестед?
45Гумон накунед, ки Ман назди Падар бар шумо даъвое хоҳам кард: даъвогар бар шумо Мусо мебошад, ки ба вай умед бастаед.
46Зеро ки агар шумо ба Мусо имон медоштед, ба Ман ҳам имон меовардед, чунки вай дар бораи Ман навиштааст.
47Модоме ки шумо ба навиштаҳои вай имон надоред, ба суханони Ман чӣ гуна имон хоҳед овард?»

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy