YouVersion Logo
Search Icon

Инҷили Юҳанно 3

3
БОБИ СЕЮМ
Мусоҳибаи Исо бо Ниқӯдимус.
1Дар байни фарисиён шахсе ки Ниқӯдимус ном дошт, аз сардорони яҳудиён буд.
2Вай шабона назди Исо омада, гуфт: «Эй Устод! Мо медонем, ки Ту Устоде ҳастӣ, ки аз ҷониби Худо омадаӣ; зеро мӯъҷизотеро, ки Ту нишон медиҳӣ, ҳеҷ кас наметавонад нишон диҳад, ҷуз ин ки Худо бо вай бошад».
3Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз олами боло таваллуд наёбад, Малакути Худоро дида наметавонад».
4Ниқӯдимус ба Ӯ гуфт: «Чӣ гуна мумкин аст, ки одаме ки пир шуда бошад, таваллуд ёбад? Оё метавонад боз ба шиками модараш баргашта, таваллуд ёбад?»
5Исо ҷавоб дод: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: кас агар аз об ва Рӯҳ таваллуд наёбад, ба Малакути Худо даромада наметавонад:
6Он чи аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст, ва он чи аз Рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст.
7Аз он чи ба ту гуфтам, тааҷҷуб накун: бояд шумо аз олами боло таваллуд ёбед.
8Бод ҳар ҷо ки хоҳад мевазад, ту овози онро мешунавӣ, лекин намедонӣ, ки аз куҷо меояд ва ба куҷо меравад: чунин аст ҳолати ҳар кӣ аз Рӯҳ таваллуд ёфта бошад».
9Ниқӯдимус дар ҷавоби Ӯ гуфт: «Чӣ тавр мумкин аст, ки чунин шавад?»
10Исо дар ҷавоби вай гуфт: «Ту ки як устоди Исроил ҳастӣ, инҳоро намедонӣ?
11Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: Мо аз он чи медонем, сухан мегӯем ва бар он чи дидаем, шаҳодат медиҳем, лекин шумо шаҳодати Моро қабул намекунед;
12Вақте ки ба шумо аз чизҳои заминӣ сухан гуфтам, бовар накардед, пас ҳар гоҳ аз чизҳои осмонӣ сухан ронам, чӣ сон имон хоҳед овард?
13Ҳеҷ кас ба осмон сууд накардааст, магар фақат Он ки аз осмон нузул кардааст, яъне Писари Одам, ки ҷояш дар осмон аст;
14Ва чунон ки Мусо дар биёбон морро боло бардошт, Писари Одам низ бояд ончунон боло бурда шавад,
15То ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад.
16Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад.
17Зеро Худо Писари Худро ба ҷаҳон барои он нафиристод, ки бар ҷаҳон доварӣ кунад, балки барои он ки ҷаҳон ба воситаи Ӯ наҷот ёбад.
18Ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, маҳқум намешавад, лекин ҳар кӣ имон наоварад, аллакай маҳкум шудааст, чунки ба исми Писари ягонаи Худо имон наовардааст.
19Ва ҳукм ин аст, ки нур ба ҷаҳон омад; вале мардум торикиро бештар аз рӯшноӣ дӯст доштанд, чунки аъмоли онҳо бад аст.
20Зеро ҳар киро кирдор бад бошад, аз рӯшноӣ нафрат дорад ва пеши рӯшноӣ намеояд, то ки аъмолаш ошкор нашавад;
21Лекин ҳар кӣ росткор аст, пеши рӯшноӣ меояд, то ошкор бошад, ки аъмолаш ба василаи Худо содир шудааст».
Шаҳодати охирини Яҳьёи Таъмиддиҳанда.
22Пас аз он Исо бо шогирдонаш ба сарзамини Яҳудо омад ва дар он ҷо бо онҳо сокин шуда, таъмид медод.
23Ва Яҳьё низ дар Энӯн, ки дар наздикии Солим аст, таъмид медод, чунки дар он ҷо об бисьёр буд, ва мардум омада, таъмид меёфтанд;
24Зеро ки Яҳьё ҳанӯз дар зиндон андохта нашуда буд.
25Ва дар байни шогирдони Яҳьё ва яҳудиён дар масъалаи татҳир баҳсу мунозира рӯй дод;
26Ва назди Яҳьё омада, ба вай гуфтанд: «Эй устод! Он Касе ки дар он тарафи Урдун бо ту буд, ва ту дар ҳаққи Ӯ шаҳодат дода будӣ, ҳоло таъмид медиҳад, ва ҳама назди Ӯ меоянд».
27Яҳьё дар ҷавоб гуфт: «Кас наметавонад чизе ба зиммаи худ бигирад, магар ин ки аз осмон ба вай дода шавад.
28Шумо худ шоҳидони ман ҳастед, ки гуфтам: „Ман Масеҳ нестам, балки фақат пешопеши Ӯ фиристода шудаам“.
29Касе ки арӯс дорад, домод аст; аммо дӯсти домод, ки истода, ба овози вай гӯш медиҳад, аз шунидани овози домод бисьёр шод мегардад: ҳамин шодии ман акнун комил шудааст;
30Ӯ бояд нашъунамо ёбад, ва ман завол ёбам.
31Он ки аз боло меояд, аз ҳама болотар аст; ва он ки аз замин аст, заминӣ бошад ва чун заминӣ сухан гӯяд; Он ки аз осмон меояд, аз ҳама болотар аст.
32Ва он чи дидааст ва шунидааст, бар он шаҳодат медиҳад, ва ҳеҷ кас шаҳодати Ӯро қабул намекунад.
33Ва касе ки шаҳодати Ӯро қабул кард, тасдиқ кардааст, ки Худо рост аст.
34Зеро Он Касе ки Худо фиристод, каломи Худоро мегӯяд; зеро Худо Рӯҳро бамизон ато намекунад.
35Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти Ӯ додааст.
36Ҳар кӣ ба Писар имон оварад, ҳаёти ҷовидонӣ меёбад. Ва ҳар кӣ ба Писар имон наоварад, ҳаётро нахоҳад дид, балки ғазаби Худо бар вай мемонад».

Highlight

Share

Copy

None

Want to have your highlights saved across all your devices? Sign up or sign in

YouVersion uses cookies to personalize your experience. By using our website, you accept our use of cookies as described in our Privacy Policy